​ТҶМ «Дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав»

ТҶМ «Дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав» соли 2015 таъсис дода шудааст.

Ҳадафи асосии ташкилот – коҳиш додани шиддат дар Маскав ва дигар минтақаҳои Русия бинобар ҷамъшавии зиёди муҳоҷирон, қонунигардонии истиқомати муваққатии онҳо, дар ҷомеаи Русия бунёд ва нигохдории фазои таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмии миллатҳои гуногун мебошад.

Самтҳои асосии фаъолият:

- корҳо оид ба фаҳмонида додани қонунгузории муҳоҷиратии Русия ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Федератсияи Русия муваққатан истиқомат доранд;
- пешниҳоди машваратҳо ба шаҳрвандони хориҷӣ дар бораи масъалаҳои қонунгузории ҷорӣ;
- мусоидат барои дар воситаҳои ахбори омма нашр шудани навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии Русия;
- дар байни муҳоҷирон паҳнкунии тарзи ҳаёте, ки бо риояи қатъии қонунгузории Русия тавсиф мешавад;
- пешниҳоди маълумот дар бораи анъана ва қоидаҳое, ки дар ҷомеаи Русия қабул шудаанд;
- ба муҳоҷирон фаҳмонда додани қоидаҳои гирифтани патентҳо, иҷозатномаҳои корӣ, дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ;
- хамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ки дар соҳаи муҳоҷират фаъолият мекунанд;
- ҳамкории зич бо намояндагони диаспораҳои миллӣ оид ба масъалаҳои қонунгузории муҳоҷиратии Русия ва кори фахмондадиҳӣ дар байни ҳамватанон.

Фаъолияти ташкилот на танҳо ба аудиторияи аз муҳоҷирони меҳнатӣ иборатбуда, балки ба дигар гурӯҳҳои шаҳрвандони хориҷӣ нигаронида шудааст, чунончи ба:

- гурезаҳо, аз ҷумла онҳое, ки дар Федератсияи Русия паноҳгоҳи муваққатӣ гирифтаанд;
- кӯдакон ва наврасон;
- занон;
- шахсони дар маҳбасҳо нигоҳдошташаванда;
- оилаҳои серфарзанд;
- ҷавонон ва донишҷӯён;
- шахсоне, ки ба вазъияти душвори зиндагӣ афтодаанд;
- шахсоне, ки аз зӯроварӣ зарар дидаанд.

Дар охири соли 2015 ташкилоти ТҶМ «Дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав», Маркази бисёрамалиётии «Хонаи муҳоҷирон»-ро ифтитоҳ намуд, ки дар он ташрифкунандагон бетаъхир, қариб аз дасти якум, маълумоти ҳуқуқии муҳим, маслихатҳои ба онҳо зарурӣ оид ба тартиб ва мӯҳлатҳои ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатӣ ва дар бораи таҳримҳои барои вайрон кардани тартибҳои мазкур пешбинигардидаро мегирифтанд.

Мунтазам семинарҳои зиёде дар бораи муқаррароти мураккабтарини санадҳои меъёрии хуқуқии Федератсияи Русия, ки тартиби будубоши (истиқомат) шаҳрвандони хориҷиро бо дарназардошти мақоми ҳуқуқии ҳар як нафар, ба танзим меорад, гузаронида
мешаванд.

ТҶМ «Дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав» барои татбиқи лоиҳаи давлатӣ оид ба таҳия ва паҳн кардани дастурамали “Дар
бораи қоидаҳои рафтори муҳоҷир дар шаҳри Маскав», ки мақсади он – нигоҳ доштани симои мусбати пойтахт ҳамчун шаҳри дорои воситаҳои технологии навин ва инфрасохтори барои татбиқи барномаи ҳамгироӣ ва мутобиқшавии муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар ҷомеаи Русия» зарурбуда, инчунин коҳиш додани сатҳи ташаннуҷи байни сокинони Маскав ва дохили муҳити муҳоҷирон мебошад,ҳақ пайдо кард.

Илова бар таҳия ва паҳн кардани ёдномаҳои чопӣ, Интернет-барномаи инноватсионии rusmigrant.com ба фаъолият шурӯъ намуд. Бо лоиҳаҳои мазкур фаро гирифтани аудиторияи бисёрмиллиона муяссар гардид.
Маълумотҳои омории Маркази бисёрамалиётии муҳоҷиратии шаҳри Маскав самаранокии лоиҳаи ёднома «Дар бораи қоидаҳои
рафтори муҳоҷир дар Маскав"-ро тасдиқ кард: дар семоҳаи аввали соли 2017 шумораи додани патентҳои меҳнатӣ дар шаҳри Маскав ба 21% зиёд гардид.
Дар давраи авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Молдова аз 1 то 20 марти соли 2017 дар ТҶМ «Дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав» амалан ягона сарчашмаи иттилоот барои молдовагиҳо буд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва канали YouTube муроҷиатҳои видеоӣ пахш гардида буданд.

Роҳбари ТҶМ «Дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав» Калинин Александр Валеревич, раиси кунунии Ташкилоти ҷамъиятии байниминтақавии “Анҷумани диаспораҳои Молдова” (инчунин хамчун ТҶМ «Дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав», ки дар Вазорати адлияи Федератсияи Русия ба кайд гирифта шудааст), раиси Комиссия оид ба сиёсати муҳоҷират ва мутобиқкунии муҳоҷирони Шӯро оид ба миллатҳои назди Ҳукумати Маскав ва узви Шӯрои машваратӣ оид ба корҳои миллатҳои вилояти Маскав мебошад.

Айни замон, ТҶМ «Дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав» лоиҳа-сомонаи «90180.ru», ки тасвибот ва гранти Ҳукумати Маскав гирифтааст (Қарори Ҳукумати Маскав № 414-ПП аз 4-уми июли соли 2017), дар амал татбиқ намуда истодааст.

Ин аввалин захираест, ки бевосита ба аудиторияи муҳоҷирон кор карда истодааст ва на танҳо ба онҳо дар бораи охирин воқеаҳои чорӣ дар соҳаи муҳоҷират иттилоъ медиҳад, балки дар ҳалли ҳама гуна мушкилоти ҳуқуқӣ кӯмак мерасонад.
Тавассути иттилоъдиҳӣ ба муҳоҷирон, Интернет-лоиҳаи «90180.ru» мақсад гузоштааст, ки афзалиятҳои будубоши қонуниро дар қаламрави Русия дар муқоиса бо сукунати ғайриқонунӣ нишон диҳад ва ба ин васила ба шунавандагони мақсадноки худ, ба роҳ надодан ба душвориҳо бо қонун ва дар натиҷа, пешгирӣ аз ҷаримаву аз кишвар рондашавӣ, кӯмак мерасонад.

Дар сомонаи «90180.ru» як навъ маълумотнома-энсиклопедия ҷой дода шудааст, ки дар шакли дастрас ва фаҳмо ба муҳоҷирон ҳамаи маълумоти зарурӣ дар бораи қонунгузории Русия дар соҳаи сиёсати муҳоҷират пешниҳод гардидааст. Маълумотномаи мазкур, инчунин, матнҳои пурраи қонунҳои федералӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи муҳоҷиратро дар бар гирифтааст.
Илова бар маълумоти муҳими ҳуқуқӣ барои муҳоҷирон, захираи мазкур дорои контенти шавқовар низ мебошад. Маводи алоҳида ба таърихи муваффакиятҳои муҳочирони маъруф, хурокҳои миллӣ, идҳо, сайёҳӣ, омӯзишӣ забони русӣ ва ғайра бахшида шудааст.
Чунин мавод ба маъруфияти бештар ва афзоиши трафики сомона мусоидат менамояд.
Барои то ҳадди ақал ба шунавандагони мақсаднок дастрас шудани иттилооти сомона, вай ба таври фаврӣ ба панҷ забон (ӯзбекӣ, тоҷикӣ, озарбойҷонӣ, молдовагӣ, англисӣ) тарҷума мешавад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур хадамоти алоҳидаи ҳуқуқии худ фаъолият дорад.
Мутахассисони он фавран ҳама гуна масъалаҳои марбут ба ҳодисаҳои муҳоҷиратро эзоҳ дода, ва дар сурати падид омадани ихтилофҳои эҳтимолӣ, барои пешгирии онҳо маслихатҳои зарурӣ медиханд.
Канали видеоии захираҳо феълан телевизиони миллӣ мебошад. Мувофиқи анъана, пахшҳои мустақим гузаронида шуда, масъалаҳои шадиди иҷтимоии муҳоҷирон, хусусиятҳои қонунгузории муҳоҷиратии Федератсияи Русия ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Як қатор формати видео-контент – ҳам муфид, ҳаётан муҳим ва вақтхушкунанда таҳия гардидааст. Канали видеоии мазкур дар YouTube ва шабакаҳои иҷтимоӣ пешниход карда шудааст. Ҳамаи маводҳо дар реҷаи 24/7 дастрас мебошанд.

"/>