Дар бораи лоиҳа

Шумо шаҳрванди Тоҷикистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Молдавия ваё Украина мебошед?

Тасмим доред, ки дар Маскав зиндагӣ ва кор кунед?

Шояд айнӣ ҳол дар пойтахти Русия қарор доред ва аллакай бо мушкилоти ҳуқуқӣ рӯбарӯ шудед?

Ё инки бо сабабҳои шахсиатон бо муҳоҷирати меҳнатӣ алоқамандед?

Ин тавр бошад, шумо ба суроғаи дуруст бархӯрдед: лоиҳаи «90180.ru»–ро баҳри Шумо таҳия кардем.

Ба Шумо мефаҳмонем, ки чӣ тавр дар пойтахти Россия ҳуҷҷатҳоятонро метавонед қонунӣ кунонед (ба расмият дароред). Аз ин гузашта, наворҳои ҷолиб дар бораи ҳаёти муҳоҷирон, таомҳои миллӣ, фарҳанг ва ҷанбаҳои дигари ҳаёти қавму миллатҳои дар Маскав муқимшударо мефаҳмонем ва наворҳо тақдим мекунем. Азбаски мо видео-студияи махсус низ омода кардаем. Боз ба шахсоне, ки мушкилоти ҳуқуқиро аз сар мегураронанд, ёрии муфид ва амалӣ мерасонем.

Айни ҳол ҳуқуқшиносони мо дар сомонаи мазкур, дар гурӯҳҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ("Одноклассники", "ВКонтакте", Facebook, Twitter) ба ҳар гуна масъалаҳои марбут ба муҳоҷират шарҳи худро медиҳанд. Аз ҷумла, мутахассисонамон ба саволҳои шумо тариқи онлайн ҷавоб мегардонанд.

Асосгузор ва манбаъи илҳоми лоиҳаи «90180.ru» – мудири ташкилоти иҷтимоии минтақавии «Дастгирӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Москва» Александр Калинин аст. А. Калинин – раиси Комиссияи Ҳукумати Маскав оид ба сиёсати муҳоҷиратӣ ва мутобиқсозии муҳоҷирон дар Маскав аст. Ин шахсро маъруфӣ кардан шарт нест, азбаски аксарияти шумо ӯро аз канали YouTube мешиносед. Азбаски эшон аллакай ба садҳо ҳазорон кӯмаки худро расонидааст.

Номи «90180.ru» интихоби тасодуфӣ нест. «90\180» – қонуне, ки моҳи январи соли 2014 қабул карда шуд. Дар он гуфта мешавад, ки шаҳрвандони давлатҳои «бидуни виза» ҳақ доранд, ки дар Русия ҳамагӣ то 90 рӯз байни 180 рӯз меҳмон шаванд дар ҳолате, ки онҳо ягон санад (ҳуҷҷат), ки ҳуқуқи будубош дар Русия ба мӯҳлати зиёдтар медиҳад, надоранд (масъалан, патент). Яъне шаҳрванди хориҷӣ баъди 90 рӯзи муқимӣ дар кишварамон бояд беруни марз шавад ва он наметавонад алҳол ақаб гардад. Баъди 90 рӯз метавонад ба Россия боз гардад. Дар ҳолати вайрон кардани ин қонун ҷазои пулии калон пешбинӣ шуда, дар ҳолатҳои алоҳида метавонад то 5 сол аз даромадан ба ҳудуди Россия манъ карда шавад.

Дурнамои сомонаи «90180.ru» ошкор аст:

– Мо ТАРАФДОРИ қонунӣ кардани тамоми муҳоҷиронем;

– Айни ҳол мо МУҚОБИЛИ муҳоҷирати ноқонунӣ ҳастем ва мо омодаем, ки баҳри аз байн бурдани ин ҳолат то охир мубориза барем.

– Мо ҶОНИБДОРИ риояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар Маскав мебошем;

– Вале МУҚОБИЛИ рафторҳои зиддиқонунии онҳо нисбати қонунгузории Русия астем.

Ба диққати шумо мерасонем, ки лоиҳаи «90180.ru» бо 5 забон пахш мешавад: тоҷикӣ, ӯзбекӣ, англисӣ, молдованӣ ва озарбойҷонӣ.

Ба шумо хондан ва тамошои хуш ва, дар ҳақиқат, фойданокро таманно мекунем!

Сӯроғаи дафтари «90180.ru»: 127521, Маскав, к. Шереметьевская, 47.

Тел.: +7 (495) 320-90-80.

Почтаи электронӣ: info@90180.info (таҳририят); 90180@90180.info (ёрирасонии ҳуқуқӣ).