Дар бораи Александр Калинин

Калинин Александр Валериевич

- раиси Комиссияи оид ба сиёсати муҳоҷират ва мутобиқ намудани муҳоҷирон дар Маскави Шӯрои корҳои миллатҳои назди Ҳукумати Маскав,
- узви Комиссияи оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Шӯрои умури байналмиллалии назди Президенти ФР;
- аъзои Шўрои корҳои миллатҳои назди Ҳукумати Маскав;
- узви Шӯрои машваратии оид ба корҳои миллатҳо дар Вилояти Маскав;
- раиси Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав»;
- раиси ташкилоти ҷамъиятии байниминтақавӣ «Анҷумани диаспораҳои Молдова» (ин ташкилотҳо дар Вазорати адлияи Федератсияи Русия ба қайд гирифта шудаанд),

Рӯзи 16 феврали соли 1977 дар шаҳри Белтси, Ҷумҳурии Молдоваи ШС таваллуд шуд.

Маълумоташ
1994-1996 гг. - Коллеҷи политехникии Белтси.
1996-2000 гг. - Донишгоҳи давлатии Белтси ба номи Алеку Руссо, факултаи ҳуқуқшиносӣ. Ҳуқуқи шаҳрвандӣ, соҳиби литсензияи соҳаи адлия.
2011- 2013 гг. - Академияи Хадамоти Давлатии Русияи назди Президенти Федератсияи Русия, факултаи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, бо дипломи сурх.
- Мактаби олии соҳибкории Маскав (МИРБИС), оид ба барномаи омӯзишии MBA (Магистри идоракунии соҳибкорӣ).

Фаъолияташ
Дар Молдова
Дар соли 1998 ӯ раиси филиали шимолии Ташкилоти ҷамъиятии байналмиллалии Лигаи ҳифзи ҳуқуқи инсон интихоб шуд. Дар ҳамон сол ҳамчун номзади мустақил барои курсии намояндаи халқии парлумони Ҷумҳурии Молдова талош кард.
Аз соли 1999 Калинин А. В. бо масъалаҳои ҳифзи байналмилалии ҳуқуқи инсон машғул буд, барои бекор кардани ҷазои қатл мубориза бурд ва ҳуқуқи озодии суханро дифоъ кард.
Дар соли 2000 дар доираи шуғли таълимотӣ дар мавзӯъҳои ҳуқуқӣ ва криминалистика дар Коллеҷи Криминологии шаҳри Белтси лексияҳо хонд.
Дар соли 2003 ӯро 62 ташкилоти ҷамъиятӣ дар минтақаи шимолии Молдова Калинин А. В.ро намояндаи худ дар парлумони Ҷумҳурии Молдова интихоб карданд.

Дар Русия
Соли 2004 ӯ ба Русия барои фаъолияти тиҷоратӣ машғул шудан кӯчид.
Дар соли 2009 ӯ Ташкилоти ҷамъиятии байниминтақавии «Анҷумани диаспораҳои Молдова»ро барпо кард.
Соли 2015 ӯ Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав»ро сохт.


Дастовардҳои иҷтимоӣ
- Аз соли 2009 то ба имрӯз роҳбарии ташкилоти ҷамъиятии байниминтақавии «Анҷумани диаспораҳои Молдова»ро дар ӯҳда дорад. Ҳамчун коршинос оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар доираи Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Молдова (дар Шӯрои корҳои миллатҳои назди Ҳукумати Москва, Шӯрои машваратии оид ба корҳои миллатҳои Вилояти Маскав, Кумитаи ҳамоҳангсозӣ байни муҳоҷирони Молдова дар хориҷи аз Молдова назди Ҳукумати Ҷумҳурии Молдова).
- Аз соли 2015 то ба имрӯз роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии «Дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав» мебошад. Ҳамчун коршинос оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар доираи Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Федератсияи Русия (дар Шӯрои корҳои миллатҳои назди Ҳукумати Москва, Шӯрои машваратии оид ба корҳои миллатҳои Вилояти Маскав,
- Таҳияи барномаи суғуртаи ихтиёрии тиббӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мутобиқи он аз бузургтарин ширкатҳои суғурта дар Русия имрӯз кор мекунанд, ба қалами ӯ мансуб аст.
- Маъракаи васеи хабардоркунии муҳоҷирон аз Молдоваро амалӣ кардааст. Дар давраи авфи шаҳрвандони Молдова аз 1 то 20 марти соли 2017 амалан сарчашмаи ягонаи иттилоот барои мардуми Молдоватабор дар Русия буд.
- Аз роҳбарияти Хадамоти Федеролии муҳоҷиратии Русия баҳои баландро сазовор шудааст: барои кор бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Молдова дар сатҳи баланд ин пояро ноил гашт. Ин хулоса дар асоси омор маълум шуд, ки аз ин мунтазаман паст шудани шумораи ҷиноятҳои маъмурӣ ва коҳиши назарраси шумори ҷиноятҳои содиршуда аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Молдова дар қаламрави Федератсияи Русия дарак медиҳанд.
- Хадамоти ҳуқуқӣ ва якчанд захираҳои онлайнӣ барои маслиҳати ройгон ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россияро ташкил кард, ки дар он меҳмонон барои ҳарчӣ зудтар гирифтани маълумоти ҳуқуқӣ меоянд, маслиҳатҳо оид ба тартиб ва шартҳои бақайдгирии ҳуҷҷатҳо ва барои фаҳмидани ҷаримаҳо ва таҳримҳо барои вайрон кардани ин тартибот қариб аз дасти аввал мегирифтанд. (Маркази бисёрамалиётии «Хонаи мигрант», сомонаҳои www.moldova.ms, www.90180.info, www.rusmigrant.com).
- Татбиқи лоиҳаи миллӣ барои ташкил ва паҳн намудани дастурамали «Қоидаҳои рафтори муҳоҷирон дар шаҳри Маскав», ки ҳадафаш ин аст - нигоҳ доштани симои мусбати пойтахти Русия ҳамчун шаҳре бо технологияҳои муосир ва инфраструктураи зарурӣ барои амалӣ намудани барнома оид ба ҳамгироӣ ва мутобиқгардонии муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ дар ҷомеаи Русия ва инчунин кам кардани шиддати миёни сокинони Маскав ва дар маҳфилҳои муҳоҷирон дар Маскав.
Омори Маркази Муҳоҷиратии Бисёрамалиётии шаҳри Маскав самаранокии лоиҳаи дастурамали «Қоидаҳои рафтори муҳоҷирон дар шаҳри Маскав»ро тасдиқ кард: дар семоҳаи аввали соли 2017 шумораи патентҳои (меҳнатӣ) додашуда дар шаҳри Маскав 21% афзудаанд.

Мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ

Александр Калинин ақидаи зиндагии осудаи муштарак ва ризоияти байналмиллалиро фаъолона дастгирӣ намуда, қонунигардонии муҳоҷиронро ва назорати қатъии ҷараёни муҳоҷиратро дар ҳудуди Русия ҳимоя мекунад. Айни замон ӯ боварӣ дорад, ки дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар байни мусофирон ва зуҳуроти ксенофобия (тарс аз ношинос), суистифодаи мавзӯи муҳоҷират усули самарабахш нест.

Вазъи оилавӣ
Калинин А. В. оиладор ва падари ду писар аст.


Нишонҳои давлатӣ ваё иҷтимоӣ
- Патриархи Маскав ва тамоми Русия Кирилл бо медали калисои православии Рус "Дар хотираи 1000-солагии князи бузурги Владимири муқаддаси ба паёмдор баробар" мукофотонида шуд.
- Аз ҷониби Иттиҳоди десантчиёни Русия бо нишони "Барои садоқат ба масъулият ва Ватан" барои гузаронидани мулоқоти сулҳҷӯёна бо муҳоҷирон зимни муноқишаҳо дар Маскав дар 20-21 сентябри соли 2017, барои пешгирӣ намудани афзоиши муноқишаҳо ва меҳнати содиқона дар ҷодаи амнияти миллии Федератсияи Русия мукофотонида шуд.
- Барон пешгири намудани муноқишаҳо бо иштироки муҳоҷирон ба нишони "Истеъдод ва эътироф"-и Иттиҳодияи байналмиллалии "Миротворец" сазовор дониста шуд.
- Дар чорҷӯбаи мукофоти "Шахсиятҳои барҷастаи Русияи бузург" барои хидмати шоиста баҳри сиёсати муҳоҷиратӣ дар кишвар бо нишони "Шараф, суд ва шӯҳрат" эътироф карда шуд.